Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси ҷамъияти саҳҳомии РАО ЕЭС Анатолий Чубайс

09.06.2004 12:00, шаҳри Душанбе

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷамъияти саҳҳомии РАО ЕЭС Анатолий Чубайсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот асосан ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бахши истеҳсоли нерӯи барқ мароқ зоҳир карда шуд. Истифодаи мақсадноки захираҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, -на танҳо барои ҷумҳурии мо, балки барои аксар мамолики ҳамсоя, аз ҷумла Федератсияи Россия манфиатнок хоҳад буд. Алҳол дар ду манбаи пуриқтидор- неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда ва Роғун як қисмати корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, ҷиҳати идомаи он тамоми шароитҳо мавҷуданд.

Анатолий Чубайс таъкид сохт, ки воқеан барои инкишофи робитаҳо имконияти васеъ фароҳам омадааст. Ӯ таъсиси консорсиуми байналмилалиро дар мавриди бунёди неругоҳи барқи обии Сангтӯда заминаи боварибахш баҳри ҷалби ҳарчи бештари сармоя маънидод кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Анатолий Чубайс мувофиқаи дар ҷараёни мулоқоти чанд рӯз қабл дар шаҳри Сочи баамаломадаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Россияро вобаста ба саҳмгирӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда таконбахши рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ карда, механизми татбиқи амалии нақшаҳои ҳамкориро ҳаллу фасл намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳар ду ҷониб зарурат ва аҳамияти вусъати истифодаи ҳарчи бештари манбаҳои гидроэнергетикиро зикр сохта, оид ба омилҳои самарабахши ҳамкорӣ пешниҳодоти мушаххас баён доштанд.

Дар мулоқот изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаи кормандони соҳаи барқи кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз менамояд, дар самти ривоҷи ҳамкориҳо дар соҳаи истеҳсолу интиқоли нерӯи барқ марҳилаи сифатан беҳтару созанда ибтидо хоҳад гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520