Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани санадҳо «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон»

01.04.2004 09:00, шаҳри Душанбе

1 апрел Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» як силсила санад имзо кард.

Амру Фармоиши Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба тараққиёти муассисаҳои таълимӣ, сохтмон, таъмир ва таҷҳизонидани мактаб ва интернатҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт ва чопи асарҳои адибону олимони тоҷик далели равшани як будани қавлу амали Сарвари давлат аст.

Дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо зиёиёни мамлакат Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки «бори масъулияти бузурги ҳифзи арзишу дастовардҳои миллат қабл аз ҳама бар дӯши зиёиёни бонангу номуси мамлакат қарор дорад».

Бинобар ин, Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳое, ки дар ҷараёни вохӯриҳояш  бо зиёиён ба миён гузошта мешаванд, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, баҳри амали гардидани онҳо кӯшиш менамояд.

Аз ҷумла, баъди ду вохӯрие, ки дар арафаи Наврӯзи солҳои 2001 ва 2002 Президент бо зиёиён дошт, Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси эроду пешниҳодот ва таклифу мулоҳизоти зиёиён қарорҳои дахлдор қабул намуда амалӣ гардонид. Ин аст, ки аз 80 супориши соли 2001- 79 супориш ва нақшаи чорабиниҳои соли 2002 бошад, қариб 100 фоиз иҷро гаштаанд.

Таъсиси Консерваторияи миллӣ, таъмир ва барқарор намудани як силсила ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, азнавсозии бинои театри ба номи устод Лоҳутӣ, таъсиси ансамбли «Фалак», нашри беш аз сад китоби адибони тоҷик, аз ҷумлаи корҳое ҳастанд, ки дар ин муддат анҷом дода шудаанд ва он натиҷаи бевоситаи мулоқотҳои Сарвари давлат бо зиёиён аст.

Андозаи миёнаи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ аз 5 сомонии соли 1997-ум ба 42,5 сомонӣ расид. Ё худ агар аз буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф дар соли 2000-ум зиёда аз 41 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, ҳоло 173 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Яъне дар байни се сол маблағгузории танҳо соҳаи маориф чор баробар зиёд шудааст.

Аз буҷети давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ соли 2000-ум 28 миллион сомонӣ, маблағ ҷудо гардида буд. Имсол бошад ҷудо кардани 174 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Яъне дар давоми чор сол маблағгузории давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ шаш маротиба афзуд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин тадбирҳои амалигашта Президенти Тоҷикистон қаноатманд набуда, бо дарки он, ки «маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештар меорад» мехоҳанд мақому мартаба ва масъулияти Вазорати маориф, Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ворисони арзандаю соҳибмаърифат, ки дар оянда амнияти миллӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакатро пуштибонӣ хоҳанд кард, хеле баланд бардошта шавад. Бо назардошти ин зарурият дар санадҳои ҳуқуқии ба тасвибрасидаи Сарвари давлат бо мақсади густариши минбаъдаи соҳаи илм ва тарбияи олимони ҷавон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки аз 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми стипендияҳои аспирантҳоро се маротиба баланд бардошта, ба андозаи 60 сомонӣ муқаррар ва ҳангоми таҳияи Буҷети давлатии соли 2005-ум барои таъмир ва ба истифодаи аспирантҳо додани яке аз хобгоҳҳои мактабҳои олии мамлакат сарчашмаи маблағгузориро муайян намояд.

Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати молия вазифадор карда шуданд, ки дар доираи маблағгузории умумии Академияи илмҳои мамлакат музди меҳнати кормандони онро аз 1 июли соли ҷорӣ ба андозаи 30 фоиз баланд бардоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар муддати як сол сохта ва ба истифода додани бинои Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро, ки корҳои сохтмонии он қариб 30 сол инҷониб кашол меёбад, бо маблағи зарурӣ таъмин созад.

Инчунин ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки барои чопи китобҳои адибону олимон дар соли ҷорӣ аз Хазинаи эҳтиётии Президент 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Муҳимтар аз ҳама бинобар он, ки сарчашмаи асосии ҳалли мушкилот маҳз мактаб аст,  бо Амри Президент барои рушди муассисаҳои таълимии минтақаи Рашт 1 милиону 783 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки ин равандро идома бахшад ва масъалаҳоеро, ки садди роҳи густариши илму фарҳанг мегардад, пайваста мавриди ҳаллу фасл қарор диҳад ва ба инкишофи соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг аҳамияти аввалиндараҷа дода, минбаъд низ сол аз сол маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд гардонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520