Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани компютерҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

27.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

27 декабр мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 995 компютер ва 165 принтер, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудааст, фиристода шуд.

Техникаи компютерии мазкур аз ҷониби кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тариқи зайл тақсим карда мешавад: Восеъ 58 компютер, 10 принтер, Темурмалик 58 компютер , 10 принтер, Данғара 20 компютер 4 принтер Норак 30 компютер 5 принтер, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 50 компютер, 9 принтер, Фархор 40 компютер, 7 принтер, Шӯрообод 40 компютер, 7 принтер, Кӯлоб 20 компютер, 4 принтер, Мӯъминобод 40 компютер, 6 принтер, Балҷувон 49 компютер, 8 принтер, Ховалинг 40 компютер, 7 принтер, Ёвон 40 компютер, 7 принтер, Сарбанд 30 компютер, 5 принтер, Қӯрғонтеппа 40 компютер, 7 принтер, Бохтар 40 компютер, 6 принтер, Колхозобод 40 компютер, 6 принтер, Вахш 40 компютер, 7 принтер, Қумсангир 40 компютер, 6 принтер, Панҷ 40 компютер, 6 принтер, Шаҳритӯс 40 компютер, 7 принтер, Носири Хусрав 40 компютер, 6 принтер, Қубодиён 40 компютер, 6 принтер, Ҷомӣ 40 компютер, 7 принтер, Ҷиликӯл 40 компютер, 6 принтер, Хуросон 40 компютер, 6 принтер.

Бояд тазаккур дод, ки пеш аз ин аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди компютер ва принтерҳо, ҳамчунин ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудо гашта буданд.

Ин кори хайр дар доираи Барномаи комютеркунонии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ амалӣ гашта, нишона аз ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи наслҳои ояндаи Тоҷикистони азиз аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520