Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшидани қарзи давлатии Тоҷикистон аз тарафи Хазинаи байналмилалии асъор

22.12.2005 15:00, шаҳри Душанбе

22 декабр ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Хазинаи байналмилалии асъор хабар расид, ки рӯзи 21 декабри соли 2005 дар ҷаласаи Шӯрои директорони ин институти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ дар бораи бахшидани қарзи давлатии Тоҷикистон ба андозаи 99 млн. доллари амрикоӣ қарор қабул гардид.

Дар нома зикр шудаааст, ки қарзи Тоҷикистон ба хотири рушди макроиқтисодии ҷумҳурӣ, сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи демократикунонии ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва ба талаботи ҳуқуқии стандарти байналмилалӣ мувофиқ гаштани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар охири машварати умумиҷумҳуриявӣ оид ба вазъияти соҳаи маориф ин хушхабари рӯҳафзоро қироат намуда, изҳор дошт, ки акнун аз ҳисоби маблағҳои барои пардохти қарзи берунаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда пешбинишуда мо метавонем ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ боз маблағҳои иловагӣ ҷудо намоем.

Ин хушхабар аз ҷониби аҳли толор бо хушнудӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520