Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Янош Немет

12.12.2005 09:00, шаҳри Душанбе

12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Янош Немет эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Маҷористон, ки баъди анҷоми маросими қабули эътимоднома сурат гирифт, масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Маҷористон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

"Мо ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла, бо Маҷористон диққати ҷиддӣ медиҳем, - баён дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори умедворӣ намуд, ки кишварҳои мо метавонанд имкониятҳои мавҷударо бо самараи бештар истифода бурда, муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи болотар бароранд".

Дар ҷавоб Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Янош Немет изҳор дошт, ки "мо кишвари Шуморо шарики муҳимми худ ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи эътилофи байналмилалии зидди террористӣ мешуморем".

Ҷонибҳо атрофи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, дар соҳаи сиёсат, иқтисод ва савдо, энергетика соҳибкории хусусӣ, туризм, мубодилаи иттилооту технология ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб мубодилаи афкор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520