Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Ҷамъияти саҳомии "Русский Алюминий"-и Федератсияи Россия Олег Дерипаска

10.12.2005 16:00, шаҳри Душанбе

10 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷамъияти саҳомии "Русский Алюминий"-и Федератсияи Россия Олег Дерипаскаро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқот аввал бо ҳайати хоса ва сипас бо ҳайатҳои васеи ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомиии "Русский Алюминий" ҷараён гирифт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии Созишномаи ҳамкориҳои дарозмӯҳлати миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии "Русский Алюминий", ки моҳи октябри соли 2004-ум ба имзо расида буд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар мулоқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва Раиси Ҷамъияти Саҳҳомии "Русский Алюминий" оид ба корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои минбаъдаи сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун", иншооти иловагии заводи алюминийи Тоҷикистон, омодагӣ ба сохтмони корхонаи нави алюминий дар вилояти Хатлон ва сохтмони меҳмонхона дар шаҳри Душанбе ҳисобот доданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки барои анҷом додани корҳои даври аввали сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун" аз ҷониби "Русский Алюминий" 54 млн. доллари ИМА ҷудо шудааст ва кор дар ин иншоот муташаккилона идома дорад. Умуман ба ин сохтмон 560 млн. доллари ИМА аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии "Русский Алюминий" ҷудо карда мешавад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо ҷалби сармоягузорӣ ва омода сохтани ташхиси техникию экспертӣ ҳама корҳо анҷом дода мешаванд, то ки ин иншооти стратегии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муайяншуда сохта ба истифода дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳисоботу гузориши онҳо вазъи имрӯзаи корҳо ва аҳамияти стратегии ин иншоотро барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баррасӣ намуда, баҳри анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520