Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

10.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

10 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Файзулло Холбобоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, роҳбарияти як қатор вазорат ва бонкҳои ҷумҳурӣ, дигар ашхоси масъул ва намояндагони институтҳои молиявии ҷаҳонию минтақавӣ, намояндагони роҳбарияти ширкатҳои бузурги Россия, ИМА ва дигар кишварҳо, ки дар татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ширкати бевосита доранд, машварат доир намуд.

Дар мулоқот, аз ҷумла намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, ноиби Президенти ширкати АЭС-и ИМА Дил Пеэрри, директори генералии ширкати "РУСАЛ"-и Федератсияи Россия Олег Дерипаска, директори генералии ширкати "Нур энерго-сервис"-и Қазоқистон Ҷон Вутҳем, муовини директори генералии сохтмони умумии НБО-и "Сангтӯда-1" аз ҷониби Россия Александр Алданов, намояндаи воломақоми ширкати "РАО ЕЭС"-и Россия Анатолий Колесниченко ва намояндагони ширкати "ЛАМЕЙЭР" иштирок намуданд.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳайатҳои бонуфуз асосан масоили бунёди иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон, хатҳои интиқоли барқ дар дохили кишвар ва байни мамлакатҳои минтақа мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар нишаст масоили бунёди иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон, хатҳои дохилӣ ва минтақавии интиқоли нерӯи барқ, иштирок ва саҳмгузории ширкатҳои ватанию хориҷӣ дар он ва масоили маблағгузории ин иншоот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон захираю имкониятҳои мавҷуда ва тадбирҳои амалишавандаро муфассал таҳлилу баррасӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва афзуд, ки захираҳои обии Тоҷикистон истеҳсоли 527 млрд кВт/с энергияи барқро дар як сол доро аст. Аз ҷиҳати иқтисодӣ 220 млрд. ё худ 40 фоизи онро истифода бурдан манфиатбахш аст.

Дар ҳоли ҳозир танҳо 6,5 фоизи ин иктидорҳо мавриди истифода қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар натиҷаи таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обии амалкунанда ва бунёди як силсила нирӯгоҳҳои дигар, ба хусус "Роғун", "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда - 2" иқтидори истеҳсолии муҷтамеи гидроэнергетикии Точикистонро то соли 2008 ба 17,5 - 18,8 млрд. кВт дар як сол, то соли 2010 26,4 млрд. кВт ва то соли 2015 ба 30 млрд. кВт мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки дар натиҷаи татбиқи амалии Стратегияи рушди гидроэнергетикии Тоҷикистон танҳо иқтидори содироти нерӯи барқ то соли 2020 ба 30 млрд. кВт мерасад, ки ин натиҷаи хеле бузург хоҳад буд.

Дар мулоқот намояндагони институтҳои молиявӣ ва дигар ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баромад намуда, ба лоиҳаҳои стратегии соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Аз ҷумла намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ҷавдет Денизер изҳор дошт, ки саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз ҳадафҳои стратегии Бонки ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Баъди анҷоми машварат нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ба суолҳои хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ширкати "РУСАЛ" Олег Дерипаска ҷавоб доданд. Аз ҷумла оид ба нақшаҳои бунёди Нирӯгоҳи барқии обии "Даштиҷум" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ба сохтмони он аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Бонки Осиёии Рушд аллакай таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520