Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд

01.12.2005 11:00, шаҳри Душанбе

1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҳоуглендро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ муҳокима гаштанд.

"Таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамкорӣ бо ИМА аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад", - таъкид намуд дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо аз сатҳи баланд ва самарабахшии ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Амрико изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки муносибатҳои манфиатбахши ҳамкории ду кишвар сол ба сол густариш меёбад ва аз ҷониби Амрико маблағгузорӣ намудани сохтмони пули байни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Панҷи поён ва саҳмгузории ин кишвар дар бисёр дигар лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон намунаи арзандаи инкишофи мусбати муносибот аст.

Дипломати амрикоӣ изҳор дошт, ки бо назардошти фазои мусоиди инвеститсионӣ, ки дар Тоҷикистон фароҳам омадааст ва имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ таваҷҷӯҳи доираҳои соҳибкории ИМА ба Тоҷикистон зиёд мегардад ва умед аст, ки ояндаи наздик ҳамкориҳои мо боз ҳам густариш меёбанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба мисли терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар ин замина доир ба рафти кӯмак дар таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот, ки дар фазои созандаю ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, ҷонибҳо барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар судманд омодагии худро таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520