Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани компютерҳо ба мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

23.11.2005 09:00, шаҳри Душанбе

23 ноябр Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли равон аз ҳисоби компютерҳои мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2005 харидоришуда барои муҷаҳҳаз намудани синфҳои компютерии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 440 адад компютер ва 74 принтер ҷудо намуд.

Ҳадафи асосии ин тадбир дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаҳои рушди соҳаи маориф аст, ки ба беҳтар намудани таъминоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо маводи техникӣ ва асбобҳои аёнии таълимӣ нигаронида шудаанд.

Ба сатҳи зарурӣ ва мувофиқи талаби замон баровардани сифати таълими асосҳои компютер, забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва дигар фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қотеонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520