Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.10.2005 08:00, шаҳри Душанбе

5 октябр дар фазои иттилоотии кишвар боз як рӯйдоди нави дорои  аҳамияти муҳимми таърихӣ ба вуқӯъ пайваст.

Сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи "www.President.tj" расман кушода шуд.

Интернет-сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дафтари матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон, Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Веб-студияи "Кафтар" - и ширкати Вавилон-Т барои оғози фаъолият омода карда шуд.

Сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи интернет аз бахшҳои Президент, Рамзҳои давлатӣ, Санадҳо иборат аст.

Ҳар яки ин бахшҳо аз зербахшҳои зиёд иборат буда, дар онҳо маълумоти муфассалу фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.

Бахши Президент аз зербахшҳои салоҳият, баромадҳо, вохӯриҳо, паёмҳо, барқияҳо, аксҳо, китобҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва дар бораи Президент иборат аст.

Дар бахши рамзҳои давлатӣ маълумот дар бораи Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, Пул ва Гвардияи миллӣ ҷойгир аст.

Бахши санадҳо иборат аз зербахшҳои Конститутсия, Фармонҳо ва Амрҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дар сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои фаврии имрӯз, хабарҳо, гузоришҳо, нақшаи Президент мавҷуд аст.

Бахшҳои сиёсати хориҷӣ ва паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ низ ба хонандагон пешниҳод гаштааст.

Сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интернет имкон медиҳад, ки кормандони воситаҳои ахбори умум ва ҳар як истифодабарандаи ин шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ саривақт, бевосита ва ба осонӣ маълумоти зарурии худро дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт кунанд.

Кормандони воситаҳои ахбори умум ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳамчунин метавонанд аз тариқи ин сайт бо суол ва таклифу дархостҳои худ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Ин рӯйдод далели боэътимод ва бебаҳси амалӣ гаштани сиёсати дарҳои кушодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, собит месозад, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ки бо халқи худ дар тамос ва аз мушкилот, комёбию нуқсонҳои рӯзгори онҳо доимо бохабар бошад.

Ин руйдоди таърихӣ ҷаҳиши намоёне дар ғанӣ гардондани фазои иттилоотии Давлати ҷавони Тоҷикистон ва ворид шудани он ба фазои иттилоотии умумиҷаҳонӣ, мебошад.

Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Веб-студияи "Кафтар" - и ширкати Вавилон-Т Ҷаъфар Осимов ва Заррина Ҳоҷимуродова, масъулини Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Темур Ҳасанов ва Нақиб Муродов барои расондани кӯмаки техникӣ дар оғози фаъолияти сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520