Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Супоридани мукофотҳои давлатӣ

03.09.2005 10:30, шаҳри Душанбе

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 14-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи калони намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, ки нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолию эҷодӣ ва пешравиҳои беҳтарини касбӣ доранд, мукофотҳои давлатӣ супорид.

"Истиқлолият неъмати бебаҳо ва дастоварди бузургтарини халқи тоҷик буда, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихормандии тоҷикистониёнро дар мавриди ҳифзу гиромидошти арзишҳои беназири миллӣ қавитар гардонид", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз тақдими мукофотҳои давлатӣ. Сарвари давлат ҳозиринро бо фарорасии 14-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфарозӣ ба мукофотҳои давлатӣ самимона шодбош гуфта, ба онҳо пешравию комёбиҳои нав таманно кард.

Як қатор фаъолони ҷомеа барои хизматҳои махсус дар рушди адабиёту санъат, фарҳангу маориф, ҷасорату фидокорӣ ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос бо ордени "Спитамен" дараҷаи I, ордени "Шараф" дараҷаҳои I ва II, медали "Ҷасорат", медали "Хизмати шоиста", медали "Шафқат" ва медали "Марзбони шуҷоъи Тоҷикистон" мушарраф шуданд.

Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ ба балетмейстер - таҳиягари Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Сталина Азаматова, актёри Театри намунавии миниётураи "Ойина"-и Идораи фарҳанги шаҳри Душанбе Асланшоҳ Раҳматуллоев унвони фахрии "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон" ва ба балетмейстери Ансамбли тарона ва рақси "Навои Хатлон"-и назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб Зуҳро Назарова унвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон"-ро сазовор донист.

Дар хатми ҷаласаи тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозиринро бо мукофотҳои давлатӣ ва фарорасии иди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520