Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Бангкок бо вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Кантати Супхамонхон мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот доир ба як қатор масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ ва илмию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд мароқ зоҳир карда шуд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки имзои созишномаҳои муҳимми байниҳукуматӣ дар ҷараёни нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Таиланд рӯйдоди пурарзиши таърихӣ мебошад, зеро дарвозаҳои азиму ояндадори ҳамкориро миёни ду мамлакати дӯст боз хоҳад кард.
Мусоҳибон ҳамзамон омодасозии санадҳои зарурии сафари ҷавобии расмии Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватраро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамиятнок арзёбӣ карданд.
Тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуда, изҳор доштанд, ки бо назардошти мавҷудияти таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ муносиботи дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар доираи созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ тақвият бахшидан зарур аст.