Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд

26.07.2005 20:00, шаҳри Душанбе

26 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелдро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни сӯҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ шуданд.

"Дар муносиботи Тоҷикистону Амрико марҳила ба марҳила натиҷаҳои пурсамару эътимодбахш ба мушоҳида мерасад", - изҳори қаноатмандӣ карда шуд дар мулоқот. Ба андешаи мусоҳибон оғози сохтмони купрӯки дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад, омили муҳимми вусъатбахши раванди барқарорсозии Афғонистон буда, ба ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ИМА барои сармоягузории бунёди купрук ва як қатор лоиҳаҳои муштарак, инчунин ҳамкориҳо дар бахши таҳкими нерӯҳои сарҳадӣ, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тайёр кардани мутахассисон арзи сипос кард.

Вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд низ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар мавриди фаъолияти эътилофи байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, таъмини суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос кард.

Дар мулоқот доир ба мавзӯъҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ табодули назари судманд ҷараён гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520