Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

25.07.2005 12:00, шаҳри Душанбе

25 июл Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расонд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз қабили онҳост.

Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ворид намудани 2 моддаи нав - 2591 "Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда" ва моддаи 3401 "Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо" ва вобаста ба ин ворид намудани тағйирот ба моддаи 260 -и ин Кодексро пешбинӣ менамояд..

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳким бахшидани мубориза бар зидди коррупсия, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия, аз он ҷумла бо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз 10 декабри соли 2003 дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, ки Тоҷикистон барои ба он ҳамроҳ шудан ҷидду ҷаҳд дорад, баҳои умумӣ ва тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз 21 январи соли 2004 ба маърӯзаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шарҳи ҳуқуқӣ ва заминаҳои институтсионалии мубориза бар зидди коррупсия мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" бо мақсади ба танзим даровардани экспертизаи давлатии судӣ қабул гардида аст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмӯрӣ" бо мақсади ба танзим даровардани истифодаи мақсаднок ва дурусти замин, пешгирӣ намудани раванди истифодаи бенизоми он, ҳолатҳои ба воситаҳои нақлиётии ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқнадошта насб намудани таҷҳизот барои додани сигналҳои махсуси овоздиҳӣ ё таҷҳизоти иловагии равшандиҳандаи зоҳирӣ, ки боиси вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегарданд ва мустаҳкам намудани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани қонуният оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат ва ҷомеа, таҳким бахшидани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, коррупсия ва пешгирии гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккилона, ки аз дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди ин ҷинояткориҳо ва мутобиқ гардонидани ин Қонуни конститутсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Қонунҳои дигари қабулгардида низ ба рушди муносибатҳои гуногуни ҷомеа равона гардида, дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520