Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин У И

21.07.2005 15:00, шаҳри Душанбе

21 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин У Иро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти самимию созанда бо баррасии маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, ба мавзӯи тармиму таҷдиди роҳҳо, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, беҳдошти соҳаи обрасонӣ дар шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд бо бунёди туннели Шаҳристон мароқ зоҳир карда шуд.

Дар сӯҳбат истифодаи мақсадноки захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони хатти баландшиддати барқи "Ҷануб-Шимол", нерӯгоҳҳои барқию обии Роғун ва Даштиҷум омили муҳимми рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин вусъатбахши раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520