Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои мусоид бо Раиси Хазинаи сармоягузории Ҷумҳурии Қазоқистон Зайнулло Ҳакимҷонов вохӯрӣ намуд.
Дар сӯҳбат ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду мамлакат дахл карда, тарафҳо дар мавриди ташкили мулоқоти соҳибкорон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои хурду бузурги коркарди зироатҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноат ва иштирок дар лоиҳаҳои стратегии соҳаи энергетика ва канданиҳои зеризаминӣ мувофиқа ҳосил намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 6-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргашт.