Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов

24.06.2005 09:00, шаҳри Душанбе

24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири  нави Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ ҷонибҳо доир ба маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо изҳори қаноатмандӣ аз густариши робитаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия тазаккур дод, ки баъди имзои созишномаҳои муҳимми ҳамкории аснои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи октябри соли 2004 баимзорасида дар муносиботи дуҷонибаи кишварҳоямон марҳилаи бобарору серҷанба оғоз ёфт.

Тавре дар вохӯрӣ ёдрас гардид, бо мақсади  татбиқи лоиҳаҳои муштараки стратегӣ, аз ҷумла сохтмони  нерӯгоҳҳои  "Сангтӯда-1", "Роғун", бунёди корхонаи нави истеҳсоли алюминий дар вилояти Хатлон, бозомӯзии 50 ҳазор мутахассисони  маҳаллӣ аз ҷониби Федератсияи Россия  бештар аз 2 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ мешавад, ки нишондиҳандаи баландтарини ҳамкории Федератсияи Россия дар миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ мебошад.

Дипломати нави Россия Рамазон Абдулатипов афзуд, ки рушди ҳамкориҳои муваффақонаи дуҷониба аз хоҳишу талаботи мардумони ҳар ду кишвари дӯсту бародар сарчашма мегирад ва омодагии комили хешро ҷиҳати саҳмгирии амиқ бобати боз ҳам вусъат бахшидани равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Россия таъкид кард.

Дар вохӯрӣ ба як қатор масоили дорои характери минтақавӣ ва байналмилалӣ низ дахл карда шуд.

Сӯҳбат дар фазои самимию созанда ба анҷом расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520