Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Деннис Де Трей

21.06.2005 11:00, шаҳри Душанбе

21 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Деннис Де Трейро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки Стратегияи нави кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2009 ҳамчун ҳуҷҷати муштарак қадами муҳимме дар таҳкими ислоҳоти бобарори иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ хоҳад буд.

Тавре дар сӯҳбат зикр гардид, татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди азхудкунии захираҳои обӣ ва канданиҳои фоиданоки табиӣ имконияти азиме дар самти таъмини мустақилияти комили энергетикии мамлакат ва фурӯши нерӯи барқ ба хориҷи кишвар мебошад. "Бо ҷалби сармояи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Чехия ва дигар мамолики манфиатдор, ҳамзамон бо таъсиси Консорсиуми байналмилалӣ вусъат бахшидани сохтмони нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2" ва "Роғун" ба манфиати рушди ҳамкориҳои минтақавӣ аст",- таъкид ёфт дар вохӯрӣ.

Деннис Де Трей ба талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи инкишофи минтақавӣ ва дар ҳамин замина бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил ва гузаронидани тадбирҳои муҳимми байналмилалии молиявию иқтисодӣ баҳои баланд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520