Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Ҳолат, мушкилот ва дурнамои рушди низоми бонкӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марҳилаи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ"

16.06.2005 12:00, шаҳри Душанбе

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Ваҳдат"-и пойтахт дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Ҳолат, мушкилот ва дурнамои рушди низоми бонкӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марҳилаи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ" иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ, густариши робитаҳо бо ширкат ва институтҳои байналмилалии молиявӣ диққати махсус медиҳад.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин Конфронси байналмилалӣ ҳамчун далели воқеӣ аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон  ба равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии минтақавию ҷаҳонӣ,   саҳмгирии амиқ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба марҳилаи  гузариш дар муносибатҳои бозорӣ, қабл аз ҳама вусъати ҳамкориҳои  минтақавӣ, ки на танҳо ба манфиати Тоҷикистон балки ба пешрафти  кулли мамолики ҳамсоя нигаронида шудааст, шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумла таъкид кард, ки фароҳам овардани шароити мусоид ба рушду таҳкими соҳибкорӣ, таъмини болоравии устувори иқтисодӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ, либерализатсияи пурраи ҳаёти иқтисодии кишвар ва ба охир расонидани ҷараёни хусусигардонӣ дар шароити имрӯза вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошанд.

"Имрӯз, - афзуд Сарвари давлат, - лоиҳаҳои Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиёт дар бахши бонкии Тоҷикистон ба имзо мерасанд, ки барои кишвари мо хеле муҳиманд. Як қисми онҳо ба таъсиси ташкилотҳои қарзии хурд равона шудаанд".

Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ, дарёфти роҳҳои нави вусъати марҳилаи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам мусоиди ҷалби сармоя буд, аз ҷониби ҳозирин бо қаноатмандии комил пазироӣ гардид.

Дар Конфронс ҳамзамон Президенти Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиёт Жан Лемер ва дигар меҳмонони хориҷӣ андешаронӣ намуда, ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус ибтикору тадбирҳои омӯзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бобати ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Тавре Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, бо мақсади  дастгирии ҳамаҷонибаи  сектори  хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ба хусус хоҷагиҳои деҳқонию фермерии навоҳии дурдасти кӯҳистон, барномаҳои имтиёзноки қарздиҳӣ амалӣ шуда истодаанд, ки омили самарабахшу талаби рӯз мебошанд. Ҳадафи асосии ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати азхудкунии захираҳои  гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҳамкории минтақавӣ вусъат пайдо намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди  ҳарчи зудтари  нерӯгоҳҳои силсилавии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", "Роғун" ва як қатор манбаъҳои энергетикиро дар болои дарёи  Панҷ заминаи  таконбахши раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон арзёбӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520