Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири Бонки Марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳими Шайбони

15.06.2005 10:00, шаҳри Душанбе

15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Бонки Марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳими Шайбониро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамкориҳои молиявию бонкии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ривоҷу равнақи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хусус дар самти иқтисодиёт,  ҷалби сармояи ин давлат ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Тарафҳо қайд намуданд, ки муносибатҳои дӯстонаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пайваста густариш меёбанд ва ҳоло ба як омили муҳимми таҳкими сулҳу субот дар минтақа мубаддал шудаанд.

Дар мулоқот қайд гардид, ки барои ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" 180 миллион доллари Амрико аз ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷудо гардидааст ва 40 миллион доллар  бошад саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Тибқи нақша нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар давоми 4 сол бояд пурра сохта ба истифода дода шавад. Оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи-обии "Сангтӯда-2" бошад, дар рӯзҳои наздик пешбинӣ гаштааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаи дарёфти роҳҳои нави ҳамкории миёни бонкҳои Тоҷикистону Эрон мувофиқа ба даст омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520