Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тересито Капото Камачо

10.06.2005 13:00, шаҳри Душанбе

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тересито Капото Камачоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баррасӣ шуданд.

- "Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифта, ба рушди муносибатҳои ба тарафҳо манфиатнок омода аст", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои назарраси ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, натиҷаҳои бобарори ҳамкориҳои муштарак бо мамолики дуру наздики олам ва шароитҳои мусоиди ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёдовар шуда, қувват бахшидани робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кубаро ба хусус дар мавриди азхудкунии захираҳои энергетикӣ, канданиҳои фоиданок ва металлургия талаби рӯз номид.

Дипломати Куба талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бобати саҳмгирӣ дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз истифодаи самараноки захираҳои обӣ аз қабили вусъати мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти вобаста ба он  назаррасу дурандешона арзёбӣ намуд ва афзуд, ки дар густариши муносиботи иқтисодию тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куба тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳад кард.

Дар вохӯрӣ ба як қатор масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520