22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми шашуми умумиҷаҳонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ба Ҷумҳурии Корея парвоз кард.
Ин аввалин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея буда, асосан бо мақсади қувват бахшидани робитаҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба ҷараён гирифт.