Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Максим Пешков

21.05.2005 09:00, шаҳри Душанбе

21 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо анҷом ёфтани  фаъолияти дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Максим Пешков ӯро ба  ҳузур пазируфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба дипломати Россия барои саҳми арзандааш дар равнақу ривоҷи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия миннатдории самимӣ баён кард. Дар ҷараёни  мулоқот зикр шуд, ки баъди ташрифи нахустини расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳимтарини  байнидавлатӣ ҳамкории мутақобилан муфид ва ҳамаҷонибаи  ҳар ду кишвар боз ҳам ривоҷ ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дар амал татбиқ намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла сохтмони муштараки нерӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда -1", "Роғун" ва корхонаҳои  алоҳидаи  истеҳсолу коркарди алюминий таваҷҷӯҳи  махсус зоҳир намуд.

Дар мулоқот баъзе масъалаҳои дорои  хусусияти минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520