Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ оид ба ҷараёни омодагӣ ба мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ

16.05.2005 17:00, шаҳри Душанбе

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни омодагӣ ба мулоқоти  Сарвари давлат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, ки рӯзи 21 майи соли равон ба нақша гирифта шудааст, машварат гузаронд.

"Ин мулоқот бояд озоду ошкоро ва фарогири масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷавонон, иштироки онҳо дар эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон ва дурнамои сиёсати давлатии ҷавонони мамлакат бошад", - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба раванди омодагӣ ба мулоқот, даъвати намояндагони ҷавонон аз кулли шаҳру навоҳии мамлакат ва аз соҳаҳои мухталифи ҷомеа гузориш доданд.

"Мо аз ҷавонони ғайратпешаву соҳибифтихори Ватан, ки талошу таҷриба, донишу истеъдоди худро баҳри саҳмгирӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардаанд, умеду эътимоди калон дорем", - таъкид гардид дар машварат.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520