Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон"

16.05.2005 15:00, шаҳри Душанбе

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва татбиқи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002 - 2005" ва дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон"-ро имзо кард.

Мувофиқи он аз соли 2006 ҳамасола 6 гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар яке дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон таъсис дода шуд.

Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ҷиҳати татбиқи қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

Иқдоми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону наврасон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар самти сиёсати давлатии ҷавонон фаъолият мебаранд ва ҷалб намудани иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар самти таҳия ва амалисозии лоиҳа ва барномаҳои марбут ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон равона карда шудааст.

Тартиби пешниҳоди дархост оид ба иштирок дар озмун ва маълумотҳои дахлдор аз тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн карда мешаванд. Дархостҳо барои иштирок дар озмун аз ҷониби Комиссияе, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонони Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода мешавад, дар мӯҳлати як моҳ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аз натиҷаи озмун иштирокчиён бо тарзи хаттӣ дар муддати як моҳ баъд аз ҷамъбасти озмун шинос карда мешаванд.

Назорати молиявии истифодаи мақсадноки маблағ ва мониторинги ҳар як гранти ҷудогардида аз ҷониби Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520