Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ оид ба рафти омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар

16.05.2005 14:00, шаҳри Душанбе

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар маҷлиси корӣ доир намуд.

Нахуст доир ба ин масъала Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти конфронс Оқил Оқилов гузориш дод. Дар гузориш таъкид гашт, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кулли мамолики олам Созмони Милали Мутаҳид дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" аз соли 2005 то соли 2015 қарор қабул кард ва хушбахтона нахустин Конференсияи байналмилалӣ дар доираи ин даҳсола дар шаҳри Душанбе охирҳои моҳи май созмон дода хоҳад шуд, ки мавзӯи он ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар мебошад.

- Мақсади ниҳоии мо дар мавриди гузаронидани ин конфронс дарёфти роҳҳои нави ҳалли мушкилоти таъминоти об, истифодаи  самарабахши захираҳои гидроэнергетикӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамзамон қувват бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад, - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки масъалаҳои вобаста ба мушкилоти оби нӯшокӣ таҳдидҳои глобалӣ дошта, диққати аксари мамолики сайёраро ба худ ҷалб кардааст.

"Қимати об аз арзиши намудҳои мухталифи сузишворӣ камтар нест ва истифодаи мақсадноку афзалиятноки он метавонад ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсолу интиқоли нерӯи барқ ва дар маҷмӯъ ба пешрафту шукуфоии ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард", - тазаккур дода шуд дар маҷлис.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар вазифадор намуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520