5 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Иванов мулоқот кард.
Дар ҷараёни сӯҳбат атрофи маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, ба хусус, дар мавриди мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва оқибатҳои фалокатбори он мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Иванов ташкили машқҳои муштараки ситодию фармондеҳиро, ки бо иштироки низомиёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қисмати ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, омили муҳимми таҳкими робитаҳои ҳарбии байни кишварҳои узви ин созмон арзёбӣ намуданд.