Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Хоугленд

11.02.2005 18:00, шаҳри Душанбе

11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Хоуглендро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА, инчунин мавзӯъҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба инкишофи робитаҳои  дутарафа ва ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Ричард Хоугленд ба талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили вобаста ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва дар мавриди ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба баҳои баланд дод. Дипломати Амрико қайд намуд, ки дар натиҷаи омӯзиши  пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо вазорати савдои Амрико ва Созмони "Бизнес" сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси сармоягузориро таҳти унвони  "Тадқиқи имкониятҳои ҳамкорӣ" баргузор намуд, ки омили тавсиабахши ҷалби сармоя ба иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқот таъкид рафт, ки робитаҳои ба тарафҳо афзалиятноки ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистону Амрико ҳамзамон заминаи муҳимми суботу оромии минтақа мебошанд.

Дар ҷараёни сӯҳбат инчунин ба масъалаи амнияти минтақа, ба хусус вазъ дар атрофи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ таваҷҷӯҳ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон мисли Афғонистон ба ҳайси як кишвари форсизабон наметавонад аз ин вазъи баамаломада дар канор бошад ва қатъан ҷонибдори ҳаллу фасли мусолиматомез ва бархӯрди дипломатӣ бо ин қазия мебошад.

Сафири Амрико афкори ибрознамудаи Сарвари давлати Тоҷикистонро чун пешниҳодоти нек арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ҷонибдори аз тариқи усулҳои дипломатӣ ба эътидол овардани вазъ аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520