Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мун Ха-Ёнг

01.02.2005 12:00, шаҳри Душанбе

1 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мун Ха-Ёнг эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ мулоқоти фарогири доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар муддати хеле кӯтоҳ робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба сатҳи  сифатан боэътимод расида, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2004 7,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар қиёс бо солҳои пешин нишондиҳандаи назаррас мебошад.

Дар ҳамин замина Сарвари давлати Тоҷикистон ва дипломати Корея ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ дахл намуда, ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистонро омили муҳимми ҷавобгӯи талаби рӯз маънидод карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520