Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ромуалдас Високавичюс

20.01.2005 10:00, шаҳри Душанбе

20 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ромуалдас Високавичюс эътимоднома қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди маросими қабули эътимоднома зимни сӯҳбати муфассалу самарабахш зикр намуд, ки бо назардошти  захираю имкониятҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат ба бештар густариш додани муносибатҳои  мутақобилан муфиди тиҷоратию иқтисодии онҳо мусоидат кардан зарур аст. Айни ҳол барои ин ҳамаи шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам гаштаанд.

Мусоҳибон қайд карданд, ки дар давоми ёздаҳ моҳи соли гузашта маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва Литва ба бештар аз 13 миллион доллари ИМА расид. Ин нисбат ба солҳои  гузашта хеле зиёд мебошад.

Сардори давлат дар ҷараёни сӯҳбати тӯлонию муфассал изҳори умед кард, ки фаъолияти сафири нави Литва дар Тоҷикистон ба ҳарчи бештар равнақу ривоҷ додани  ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳарду мамлакат сафарбар  карда хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520