Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

04.04.2016 19:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Билол Иброҳим - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло - Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд. 

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Инчунин Каримзода Азизмад аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси ҳамин кумита таъин гардид, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд, Исмоилова Мунавара Сайдуллоевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд, Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, Неъматзода Фаррух Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат ба ин вазифа таъин гардид.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520