Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ

29.03.2016 16:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнов Музаффар Маҳмуродович аз вазифаи Сафири Фавкулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Давлатзода Парвиз аз вазифаи Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъин карда шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимӣ Заробиддин -Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод карда шуд. 

Сатторов Имомиддин Мирзоевич, ки айни ҳол Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мебошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон таъин карда шуд.

Инчунин Саидов Зоҳир Озодович - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520