Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

15.03.2016 16:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Инчунин прокуророни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Конибодому Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Қурғонтеппа, ноҳияҳои Қубодиён ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон  ва Бӯстони вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520