Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ ҳангоми вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони мактаб - интернатҳо

29.12.2015 10:06, шаҳри Душанбе

Фарзандони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нави мелодии 2016-ум, ки баъди ду рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯӣ менамояд.

Ман ҳар боре, ки ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳам, аз зиндагӣ, шароит ва рӯзгори ин табақаи ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон маълумот гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо ба мақомоти дахлдор супориш медиҳам ва барои таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо маблағ ҷудо карда, дастгириву ғамхории доимӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити ин гурӯҳи осебпазири ҷомеаро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам.

Боиси қаноатмандист, ки аксари хонандагони чунин муассисаҳо ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар бомуваффақият дохил шуда, даҳҳо нафари дигарашон, аллакай, соҳиби ҷойи кору оила шудаанд ва ҳоло баробари дигарон зиндагии хушбахту саодатмандона доранд.

Бори дигар таъкид месозам, ки парасторӣ намудани ятимону маъюбон ва кӯдакони бепарастор вазифа ва рисолати асосии Ҳукумати кишвар буда, дастгирии ин табақаи аҳолӣ аз ҷониби сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо низ ба роҳ монда шудааст.

Солҳои охир ба ин ташаббуси неку хайрхоҳона соҳибкорону тоҷирони саховатманд ва дигар шахсони ҳимматбаланди мамлакат низ пайравӣ намуда, онҳо ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва муассисаҳое, ки чунин шахсон тарбия мегиранд, кумакҳои беғаразона мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки мардуми инсондӯсту хайрхоҳи мо ҳиммату саховат ва расонидани ёрмандӣ ба ниёзмандонро нишонаи адои фарзи инсонӣ медонанд.

Ин аст, ки дар рӯзҳои иду арафа ва ҷашну маросимҳо аёдати барҷомондагонро ба ҷо оварда, ба ятимону маъюбон ва бепарасторону оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад.

Фарзандони азиз!

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ба даст овардани истиқлолият ба рушди ҳамаҷонибаи муассисаҳои интернатӣ ва беҳтар гардонидани шароити онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар баробари сохтмони мактаб – интернатҳо ҳоло қариб тамоми муассисаҳои мазкур аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳар сол барои таъмири ҷорӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва дигар лавозимоти зарурӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар баробари ин, мо ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи малакаи касбии омӯзгорону мураббиёни мактаб – интернатҳо эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Ҳамин аст, ки то имрӯз аксари онҳо дар кишварҳои хориҷӣ аз курсҳои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштаанд.

Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат буд, ки рушди муассисаҳои мазкур таъмин гардида, алҳол дар кишварамон 12 муассиса барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ва 74 мактаб-интернат, аз ҷумла 22 мактаб-интернат барои кӯдакони ятим фаъолият менамояд.

Дар муассисаҳои таълимии зикргардида, дар маҷмӯъ, зиёда аз 12 ҳазор нафар хонандагон таҳти ғамхории давлат қарор доранд.

Фарзандони азиз!

Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои шумо ва ҳамсолонатон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, шуморо бо маводи хониш, сару либос ва дигар шароити лозима таъмин менамояд.

Бори дигар таъкид мекунам, ки шумо ҳамеша дар мадди назари Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра нахоҳед монд.

Давлат минбаъд низ тамоми шароити заруриро муҳайё месозад, ки шумо ҳамчун инсони комил ба воя расида, барои халқу Ватани азизи худ хизмат намоед.

Вақт собит сохт, ки аксари ятимону шахсони таҳти сарпарастии давлат қароргирифта ҳамчун мутахассисони соҳибкасбу босавод ба камол расида, дар пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи худро гузоштаанд ва ифтихори Ватану сарзамини муқаддаси худ гардидаанд.

Мехоҳам ба роҳбарон ва омӯзгорону мураббиёни мактаб - интернатҳо муроҷиат карда, бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки дастпарварони муассисаҳои иҷтимоӣ одатан ҳамчун кадрҳои ба миллату давлат содиқ ба воя мерасанд

Бинобар ин, шумо бояд ба сифати таълим ва касбу ҳунаромӯзии шогирдони худ эътибори аввалиндараҷа диҳед ва гузашта аз ин, онҳоро мисли фарзандони худатон дӯст доред.

Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми хонандагони кишварро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз ва хушбахтӣ орзу дорам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, фарзандони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520