Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ. Раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ масъалаи ҳаётан муҳими рушди тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар мебошад. Стратегияи таҷдиди роҳҳои автомобилгард, сохтани шоҳроҳҳо, пулҳои нав, роҳҳои оҳан, фурудгоҳҳои замонавӣ ва пайваст шудан бо тамоми ҷаҳон тавассути кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ба омили ҳалкунандаи рушди савдои дохиливу берунӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ табдил ёфт. Ин нақшаи азим дар доираи Консепсияи барқарорсозии «Роҳи Абрешим» марҳала ба марҳала татбиқ мегардад.

Дар 20 соли истиқлолият шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум, қитъаҳои Мурғоб-Кулма, Шоҳон – Зиғар ва Шкев – Зиғар бунёд гардида, шоҳроҳҳои Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, Дустӣ – Панҷи Поён навсозӣ шуданд, ҳамчунин нақбҳои Истиқлолу ва Озодӣ ва пули дорои аҳамияти байналмилалӣ аз болои дарёи Панҷ мавриди истифода қарор гирифтанд. Таҷдиду навсозии шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол – Саритош (сарҳади Қирғизистон), Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб, қитъаи Душанбе – Данғара, Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ ва сохтмони нақб дар ағбаи Шаҳристону Чормағзак дар ҳоли ба анҷом расидан мебошанд.

Бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1,6 ҳазор километр роҳҳои автомобилӣ, 18 километр нақб, 250 пул ва 4 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру тармим карда шуданд. Дар ин муддат ҳамчунин сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа– Кӯлоб ва 4 пули байнимарзӣ аз болои дарёи Панҷ низ анҷом дода шуд. Бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилии Душанбе – Турсунзода, Кӯлоб– Қалъаихум, Айнӣ - Панҷакент аз ҷумлаи лоиҳаҳои афзалиятноке мебошанд, ки дар ояндаи наздик татбиқи онҳо дар назар аст.

Дар амал татбиқ гаштани лоиҳаҳои номбурда имкон дод, ки Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёбад, рафтуомади шаҳрвандон ва ҳамлу нақли бор ба тамоми минтақаҳои кишвар ва аз чор самт ба давлатҳои ҳамҷавор таъмин гардад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои сарфаи сӯзишворӣ, дар муддати кӯтоҳ интиқол додани молу маҳсулот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши роҳи оҳан ва ҳавопаймоии мулкӣ ба нақша гирифта шуд. Бунёди роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, роҳи мошингарди Ваҳдат – Қарамиқ, Ҷалолиддини Румӣ – Панҷи Поён, терминали замонавӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, таҷдиди фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ идома дорад.

Бо роҳи оҳан ба ҳам пайвастани тамоми минтақаҳои кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи нақлиёт мебошад. Барои афзудани нерӯи транзитӣ ва баромадан ба бандарҳои баҳрии Покистон ва Эрон дар ояндаи наздик пайвастани кишвари мо ба роҳҳои оҳани кишварҳои ҳамсоя зарурати рӯз аст. Дар ин росто ҳусни тафоҳуми давлатҳои ҳамсоя – Хитой, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон ва Туркманистон ба даст оварда шуда, лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳани трансосиёии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон- Афғонистон-Эрон таҳия ва ба барномаҳои давлатӣ ворид карда шудаанд.

Дар соҳаи ҳавопаймоӣ ба мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба бозори байналмилалӣ ислоҳоти сохтории ин соҳа гузаронда шуд. Ин иқдом имкон дод, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ заминаи устувори инкишоф ба вуҷуд оварда шавад.

Парки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» батадриҷ нав мешавад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳри 9 кишвари хориҷии дуру наздик парвоз анҷом медиҳанд ва самти парвозҳояшонро торафт васеъ менамоянд. Ширкатҳои кишвар имрӯз имкон доранд, ки дар 73 хатсайр, аз ҷумла дар 8 хатсайри маҳаллӣ парвозҳоро ба роҳ монанд. Ҳоло ҳар ҳафта 116 парвоз, аз ҷумла 61 парвози маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Ҳамчунин 19 ширкати хориҷӣ аз 22 шаҳр ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ҳар ҳафта 55 парвоз доранд. Соли 2010 ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор мусофир ва дар ҳудуди 3 ҳазор тонна бор кашониданд.

Тараққии соҳаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар асоси барномаҳо ва стратегияҳои қабулшудаи дахлдор амалӣ мегарданд. Дар ин доира ба нақша гирифта шудааст, ки дар тамоми маҳалҳои маскунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеияти ҷуғрофӣ, намудҳои асосӣ ва муҳими хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла хизматрасонии телефонии маҳаллӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ ва дастрасӣ ба шабакаи интернет фароҳам оварда шавад.

Бо ин мақсад аз ҷониби оператори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» Стратегияи рушд ва тараққии зерсохтор ва шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра татбиқ шуда истодааст.

Аз соли 2002 ба ин сӯ ҳамаи истгоҳҳои алоқаи телефонии мансуби шабакаи ҶСК «Тоҷиктелеком» пурра бо технологияҳои муосири рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Бо рақамӣ кардани истгоҳҳои телефонӣ зарурати таҷдиди шабакаҳои дастрасии муштариён ба миён омад, ки ин масъала низ амалӣ карда шуд.

Аз соли 2005 ҶСК “Тоҷиктелеком” дар амал татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони марҳалавии шабакаи шоҳроҳии хатҳои алоқаи нуриву нахӣ (ВОЛС)-ро бо дарназардошти имкониятҳои баромад ба кишварҳои ҳамсарҳад оғоз намуд. Дар доираи лоиҳа иваз намудани шабакаи кӯҳна ва фарсудаи асосии байнишаҳрӣ, ки тавассути кабелҳои мисиву симӣ фаъолият менамояд, бо шабакаи хатҳои алоқаи нуриву нахӣ дар назар гирифта шудааст.

Зимни иҷрои лоиҳа дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконияти аз тариқи кабели нурию нахӣ пайваст шудан бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин фароҳам омад, ки ин боиси эҷоди роҳҳои алтернативӣ барои баромадан ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ гардидааст.

Ҳангоми сохтмони хатҳои нурии алоқа имконоти пайвастани кишвар бо тамоми кишварҳои ҳаммарз (аз шимолу ғарб бо ӯзбекистон, аз ҷануб бо Афғонистон, аз шимолу шарқ бо Қирғизистон ва аз шарқ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин) пешбинӣ шудааст.


Моҳи майи соли 2009 хатти алоқаи нуриву нахии Исфара (Тоҷикистон)-Боткен (Қирғизистон) ба масофаи 25 км дар сатҳи STM - 1 сохта шуда, ҳоло мавриди санҷиши техникӣ қарор дорад.

Бо сохта шудани шабакаи баландсуръати нуриву нахӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон имконияти пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исломии Афғонистон фароҳам омад.

Дар давоми 20 соли истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуръати телекоммуникатсия ба мушоҳида мерасад. Бо татбиқи технологияҳои нав шабакаҳои алоқа васеъ гардид, ки ин дар навбати худ ба дарёфти шаклҳо ва усулҳои нави танзимкунандаи фаъолияти тамоми соҳаи алоқа мусоидат намуд.

Соли 1996 аввалин муассисаи муштараки тоҷикӣ-амрикоӣ - Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «ТоҷикТел» таъсис дода шуд, ки он бо стандарти АМРS хизматрасонии алоқаи кандуиро пешниҳод мекард. Дар давоми 15 сол алоқаи кандуии Тоҷикистон аз стандарти АМРS оғоз намуда, баъдан то ба стандартҳои мухталифи алоқаи кандуӣ GSM, CDMA 20001Х, CDMA450, 3G-UMTS расидааст.

Соли 1998 дар вилояти Суғд оператори алоқаи кандуӣ «Индиго Сомонком» бо стандарти GSM ва аз октябри соли 2001 то сентябри соли 2002 боз 3 оператори алоқаи кандуӣ - «Индиго Тоҷикистон», «ТТ Мобайл» ва «Вавилон Мобайл» пешниҳоди хизматрасониро бо стандарти GSM оғоз намуданд, ки ин ин иқдом боиси паст шудани нархи ин навъи хизматрасонӣ гардид. Соли 2004 оператори «ТК Мобайл» пешниҳоди хизматрасониро бо стандарти муосири CDMA 20001Х оғоз намуд.

Ҳоло барои пешниҳод намудани алоқаи кандуӣ аз рӯи ҳар як стандарт ба 8 оператор 15 иҷозатнома дода шудаст. Миқдори муштариёни фаъоли алоқаи кандуӣ дар ин давра 3 млн. 800 ҳазор нафарро ташкил дод ва афзоиш идома дорад.

Дар Тоҷикистон Интернети беноқили WIMAX пайдо шуда, шабакаи ғайримутаҳаррики алоқа тариқи NGN - технология васеъ мешавад ва дар сохтори дохилии алоқа системаҳои беноқил инкишоф меёбанд.

Сохтмон ва меъморӣ. Барои рушд додани соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар кишвар аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, аз ташкили Нақшаҳои мукаммали генералӣ вобаста аст. Дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо, ки эътибори Нақшаи генералии онҳо ҳанӯз солҳои то истиқлолият гузаштаст, заруран таҳияи лоиҳаҳои нав ба вуҷуд омадааст. Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумат марҳала ба марҳала нақшаҳои генералӣ аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд гардидани бинову иншооти хуштарҳу муосир ва кӯчаву хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар муддати начандон тӯлонӣ симои пойтахт дигаргун гардида, дар ояндаи наздиктарин шукӯҳи тоза хоҳад гирифт. Сабки омехтаи меъмории аврупоӣ ва шарқӣ, ки дар сохтмони иншооту биноҳо истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти муосиру камназир мубаддал мегардонад.

Бунёд гардидани бинову иншооти маъмурӣ, фарҳангӣ, маишиву хизматрасонӣ, варзишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд, Турсунзодаву Данғара, Хоруғу Роштқалъа ва Панҷакенту Ванҷ, боғу гулгаштҳои хуштарҳи зебо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Данғара, қомат афрохтани биноҳои истиқоматии баландошёна бо санъати муосири меъморӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо гувоҳи он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз ба рӯз ободон гардида, шароити кору зиндагии мардум беҳтар мешавад.

Солҳои тӯлонист, ки мардуми эҳтиёҷманди кишвар дар навбати гирифтани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои шахсӣ интизорӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо иқдоми Сарвари давлат танҳо дар давоми ду соли охир дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба мардуми эҳтиёҷманд қитъаҳои замин дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор гектар барои 127 ҳазор хонавода бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд ва ин иқдоми наҷиб то ҳанӯз идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520