Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.

Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 қайд намуда буд, ки «Бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад».

Дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст.

Натиҷаи чорабиниҳо ва дастгириҳои молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидояту супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2009, бо вуҷуди душвориҳо, истеҳсоли ғалла бори аввал ба 1,5 млн. тонна расонида шуд. Дар баробари ин истеҳсоли маҳсулоти дигари кишоварзӣ низ хеле афзуд, аз ҷумла сабзавот – беш аз 1 млн. тонна, полезиҳо –беш аз 400 ҳазор , картошка – наздики 700 ҳазор, ангур -140 ҳазор тонна, гӯшт – қариб 135 ҳазор тонна, шир -630 ҳазор тонна ва тухм -188 млн. дона расид.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои охир афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, соли 2010 нисбат ба соли 1997-ум 2,8 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти ғалладона 2,3 баробар, картошка 6, сабзавот 3,3 баробар ва мева 2 баробар афзудааст.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо афзоиши содироти зироат пайвастагӣ дорад. Ҳаҷми умумии содироти сабзавоту меваҷот дар соли 2010 наздики 250 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки 4790 тоннаи он консерва буда, нисбат ба соли гузашта 30 % афзоиш ёфтааст. Маҳсулот ба Россия, Украина, Қазоқистон, ӯзбекистон, Хитой, ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон, Афғонистон ва чандин кишварҳои дигари ҷаҳон ба фурӯш бароварда шудааст.

Гузаштан ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ оғоз гардида, тибқи барномаи давлатӣ ба ҷои колхозу совхозҳо ҳоло беш аз 40 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҷамъиятӣ, давлатӣ ва ёрирасон таъсис дода шудааст.

Ду фармони таърихии Президент «Дар бораи ҷудо гардидани 50 ҳазор га замин барои ташкили хоҷагиҳои кишоварзии инфиродӣ» аз 9 сентябри соли 1995 ва фармони дигар аз 1 декабри соли 1997 оид ба ҷудо кардани замин барои шаҳрвандон, ки ба таври илова 25 ҳазор га заминро дар бар мегирифт, барои дигаргун шудани сохтори кишоварзӣ заминаи боэтимод гузоштанд. Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳалли мушкилиҳои давраи гузариш нақши муҳим бозиданд. Бо амалӣ сохтани ин иқдомот муяссар гардид, ки қисми зиёди аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба кори муфид ҷалб гардад ва бо ин васила сатҳи бекорӣ дар кишвар коҳиш пайдо кунад. Ҳамзамон таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аввалия, махсусан бо орд беҳтар гардид.

Дар давоми солҳои истиқлолият барои 141 ҳазор оила беш аз 8,4 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ қариб 120 ҳазор гектар замин барои 900 ҳазор оила ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, дар ду соли охир барои ин мақсад 20 ҳазор гектар барои 127 ҳазор оила, ки аксарияти онҳо оилаҳои ҷавон мебошанд, замин ҷудо карда шудааст ва ҳоло тақсимоти он идома дорад.

Бо соҳибистиқлол гардидани кишвар ва ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ зерсохтори иқтисодиву иҷтимоии аҳолии деҳот, ки дар ҳолати харобшавӣ қарор дошт, беҳбудӣ пайдо кард. Ҳамин тариқ, пастравии истеҳсолоти агросаноатӣ дар соли 1996 боздошта шуда, аз соли 1997 тамоюли рушди соҳаи кишварзӣ оғоз гардид. Афзоиши қиёсии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 соли охир дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 20 то 25 %-ро ташкил кард.

Дар соҳаи аграрӣ пахтакорӣ, ғаллакорӣ, картош­капарварӣ, сабзавотпарварӣ, маҳсулоти полезӣ, боғу токпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ аз самтҳои асосӣ маҳсуб мешаванд. Ҳоло соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ бо суръати баланд рушд меёбад. Соли 2010 татбиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ оғоз гардид. Дар маҷмӯъ имрӯзҳо дар соҳаи човодорӣ ҳафт барномаи давлатӣ амалӣ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои пешин бо содироти меваи хушк, ангур ва мевагиҳои тару тоза машҳур буд. Дар солҳои охир зироатҳои офтобпараст, донадор ва мевагиҳои субтропикӣ, ки ҳамчун маҳсулоти парҳезӣ ва доруворӣ истифода мешаванд, рушд меёбанд. Ба ин шароити иқлими минтақа мусоидат намуда, ин меваҷот аз меваҳои кишварҳои дигар бо сифати баланд фарқ мекунанд.

Соли 2010 ҳаҷми содироти меваи тару тоза ва хушк ба 262 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Имкониятҳои кишвар дар зиёд намудани содироти ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз хеле фаровон мебошанд.

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ лозим аст, ки соҳаи чорводорӣ рушд дода шавад. Ба 1 январи соли 2010 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 2 млн. сар, чорвои майда ба 4,2 млн. сар, ҳамаи намуди паррандаҳо қариб 4 млн. ва асп 80 ҳазор сарро ташкил намуд. Навъи зотҳои хос ва беназири гӯсфанди Тоҷикистон ба рӯйхати генофонди гӯсфандпарварии ҷаҳон дохил карда шуда, онҳо ҳамзамон барои беҳтар гардонидани сифати зотҳои маҳаллӣ истифода мешаванд. Масалан, гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар бозори ҷаҳонӣ навъи аз ҳама фарбеҳ ва зудафзоишёбанда дар минтақаҳои Тоҷикистон шинохта шудааст.

Бинобар мусоид будани иқлими Помир кишвари мо ба қатори давлатҳои қӯтоспарвари ҷаҳон дохил гардидааст. Тоҷикистон метавонад минбаъд аз ҳисоби содироти қӯтос ва гӯшти он соҳиби манбаи даромади иловагӣ гардад.

Соҳаи парандапарварӣ дар давоми се соли охир, пас аз қабули барномаи дахлдори давлатӣ аз нав барқарор мешавад. То имрӯз 23 корхонаи паррандапарварӣ аз нав бунёд ё барқарор карда шуда, онҳо қариб ба пуррагӣ мардуми кишварро бо маҳсулоти соҳа таъмин менамоянд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 қабул гардидааст, ки он яке аз самтҳои ояндадори соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешавад.

Рушди бемайлони соҳаи кишоварзиро бе истифодаи дастовардҳои илми муосир наметавон тасаввур кард. Аз ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муассисаҳои илмиву-таҳқиқотӣ ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Дар соҳаи агросаноатӣ бо таҳқиқоти илмӣ Академияи илмҳои кишоварзӣ машғул мебошад, ки ба ҳайати он 6 институти илмиву таҳқиқотӣ шомил буда, дар онҳо 29 доктори илм ва 118 номзади илм фаъолият доранд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 42 доктори илм ва 147 номзади илм фаъолият доранд.

Олимон асосан оид ба омӯзишу таҳқиқи масоили селексияи чорвову паранда, тухмиҳои серҳосил ва ба иқлими мухталиф тобовар, усулу технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат аз баландкӯҳҳои Помир то заминҳои водӣ машғул мебошанд.

Тоҷикистон ҳамчун сарзамини кӯҳистон, дорои захираҳои бузурги об мебошад. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти маҳдуд будани дигар намуди захираҳои минералӣ, аз ҷумла газ ва нафт, захираҳои об аз захираҳои стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, истифодаи ҳадафманд ва босамари онҳо барои рушди кишвар аз вазифаҳои асосии пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатӣ дониста мешавад.

Масъалаи истифодаи захираҳои об аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, вобаста ба ин кишвари мо бо манзури якчанд пешниҳодҳои ҷолибу пурарзиш дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун пешоҳанги равандҳои глобалии марбут ба об шинохта шудааст. Бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гаштани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, даҳаи 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об шаҳодати муваффақиятҳои сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад.

Ҷиҳати татбиқи амалӣ ва таҳкиму рушди ин ташаббусҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо СММ дар шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2003 Форуми байналмилалии оби тоза, соли 2005 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, соли 2008 Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об ва соли 2010 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” доир гардиданд, ки дар кори онҳо роҳбарият ва ҳайатҳои баландмақоми кишварҳои узви СММ ва намояндагони даҳҳо созмонҳои байналмилаливу ташкилотҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520