Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Осорхона дар ноҳияи Ҳисор

22.09.2015 07:48, шаҳри Ҳисор

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои осорхонаи ноҳиявиро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод.

Ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000 -  солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Сарвари давлат бунёд ёфта аст.

Дар бино тарҳу ороиш ва нақшу нигори асри миёнаро бо муосир омехта намудаанд, ки ба ин иншоот шукуҳу шаҳомати хоса зам кардааст.

Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад.

Фармоишгар-Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит - 2011” мебошад.

Маблағи умумии сохтмон беш аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2014 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расид.

Масоҳати умумии бино қариб як гектарро ташкил медихад.  Дар таҳхонаи осорхона устохонаи таъмири маҳсулоти кулолгарӣ ва шишагӣ, устохонаи нусха кардани нигораҳо, таъмири маҳсулоти нахдор, сехи таъмири маҳсулоти дӯзандагӣ ва дигар намуди хизматрасонихо мавҷуд аст.

Ҳоло дар фонди осорхонаи навбунёд зиёда аз 3000 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.

Осорхона аз 11 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозанд. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Сокинони ноҳия баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи осорхона нигораҳоеро, ки аз аҷдодонашон мерос мондааст, ба осорхона туҳфа карда истодаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми сокинони ватандӯст баҳои баланд дод.

Қомат афрохати биноҳои муосири  Кохи фарҳанг, Осорхонаву Китобхона, фаввораҳои зебо ва даҳҳо иншооти дигар ба симои маркази ноҳияи Ҳисор ҳусни тоза зам кард ва ин натиҷаи сиёсати созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои насли оянда муҳайё кардааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520