Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ дар ноҳияи Ҳисор

22.09.2015 07:27, шаҳри Ҳисор

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу, фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 - солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.

Дар ҷамоати деҳоти Сомон дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода сокинони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбарияти давлат мебошад, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як зумра иншооти маорифу фарҳанг, аз ҷумла Осорхона, Китобхона, Кохи фарҳанги ноҳиявӣ ва Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат ифтитоҳ карда, бо сокинони ноҳияи Ҳисор суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад.

Инчунин дар рафти сафар Президенти мамлакат бо ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 3000 - солагии Ҳисор, вазъи корҳои саҳроӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва рафти ҷамъоварии ҳосили боғу токзор шинос мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520