Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаҳои дорусозӣ ва чиниворӣ дар шаҳри Турсунзода

18.09.2015 08:38, шаҳри Турсунзода

Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ - Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар оғози расмӣ бахшид.

Зимни боздид аз ин корхонаи дорусозӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 60 миллион сомонӣ навсозӣ гардида, дар ин ҷо бо истифода аз техналогияи пешрафтаи хориҷӣ зиёда аз 20 намуди маводи доруворӣ истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як басти корӣ 32 ҳазор адад зарфҳои маҳлулҳои обӣ буда, дар оянда бо насби хатҳои технологии нав истеҳсоли маводи доруворӣ дар шакли ҳаб, ғилофак ва ампулаҳо ба роҳ монда мешавад.

Дар корхонаи дорусозӣ 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд ва дар оянда бо васеъ гардидани фаъолияти корхонаи мазкур шумораи коргарон афзоиш хоҳад ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона асосан маҳлулҳои воридотивазкунандае истеҳсол мешаванд, ки барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешбинӣ гардидаанд.

Аз ин пеш ин намуди доруворӣ аз хориҷи мамлкат бо нархи гарон ба Тоҷикистон ворид карда мешуд. Акнун баъди бунёди корхона натанҳо талаботи дохилӣ қонеъ, балки ин намуди доруворӣ ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ, ки дар бунёди ин корхонаи дорусозӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм гузоштаанд, баҳои баланд дода, ин амали созандаи онҳоро дар таъмини маҳсулоти воридотивазкунанда муҳимму назаррас арзёбӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисони корхона дастур дод, ки дар вақти истеҳсоли маводи доруворӣ ба сифат ва бехатарии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар корхонаи маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, ки аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Вежа” бунёд ёфтааст, истеҳсоли 3 намуди хишти сохтмонию ороишӣ ва 20 намуди маҳсулоти чиниворӣ ва сафолӣ ба роҳ монда шудааст.

Корҳои барқарорсозии бино ва насби технология дар маҳсулоти чиниворӣ асосан соли 2014 шуруъ гардида, аз тарафи соҳибкорони ташаббускори ватанӣ дар давоми як сол ба фаъолият оғоз кард.

Тибқи иттилоъи масъулин барои барқарорсозии хати технологии истеҳсоли хиштҳои сохтмонӣ ва ороишӣ 500 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст.

Барои таҷдиду азнавсозии коргоҳи чинибарории корхона бошад, 300 ҳазор доллар сарф гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ иқтидори истеҳсолии корхона давра ба давра ба 500 ҳазор дона маҳсулоти чиниворӣ хоҳад расид.

Корхонаи мазкур дар заминаи собиқ коргоҳи бузурги “Фарфори Регар” таъсис ёфт ва бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ технологияи он ба пуррагӣ нав карда шуд.

Дар ҳамин корхона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи коргоҳро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаи мазкур ба роҳбарият ва коргарон барои беҳтар намудани сифат, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо таъсиси корхона қариб 200 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520