Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои филиали Спитаменбонк дар шаҳри Турсунзода

18.09.2015 07:41, шаҳри Турсунзода

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ  ба фаъолияти филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк» оғоз бахшид.

Бунёди иншооти мазкур моҳи апрели соли 2013 шуруъ гардида, бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2015 бо сифати баланд ба анҷом расид.

Бинои «Спитаменбонк» аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мебошад.

Ба мизоҷон шуъбаҳои муҳосибот, шуъбаи қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, шуъбаи интиқоли маблағҳо, хазина ва ҳуқуқшинос хизмат мерасонад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кории он ба корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои муосир баҳои баланд дода шуд.

То имрӯз кормандони филиали Спитаменбонк дар бинои иҷоравӣ фаъолият мекарданд ва бо кӯшодашавии ин филиали бонк шумораи умумии кормандон ба 29 нафар расонда шуд.

Филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк» ба 458 мизоҷ, аз ҷумла ба 276 соҳибкори хурду миёна, 48 хоҷагии деҳқонӣ ва 134 нафар қарз додааст.

Аз шумораи умумии муштариёни филиали бонк 174 нафарашро занони соҳибкор ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини филиали Спитаменбонк барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520