Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оғоз ёфт

15.09.2015 11:48, шаҳри Душанбе

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ба кори худ шуруъ намуд.

Ҳоло ташрифи сарони давлатҳои аъзои СААД ба Қасри Миллат оғоз ёфт. Қабл аз ҳама Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко вориди макони баргузории ҳамоиш гардиданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии СААД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон - Серж Саргсян, Белорус - Александр Лукашенко, Федератсияи Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро як - як истиқбол гирифта, ба тамошои намоишгоҳи аксҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари фаъолияти пурсамари Тоҷикистон дар роҳи пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа мебошад, даъват менамояд.

Тазаккур бояд дод, ки ҳамоиши мазкур бо тамошои намоишгоҳи мазкур ва аксгирии умумӣ оғоз ёфта, бо баргузории ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо, ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва намояндагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ идома ёфта, бо изҳороти муштараки матбуотӣ ба поён мерасад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520