Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

15.09.2015 11:13, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки шоми дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва шахсан ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ва ҳам барои фиристодани кумаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Владимир Путин бори дигар омодагии Русияро барои дастгирии ҳамаҷониба аз рушди Тоҷикистон таъкид дошта, аз ҷумла изҳор намуд, ки муносиботи Русияву Тоҷикистон бар иттифоқчигию баробарҳуқуқии ду ҷониб асос ёфтаанд. Аз ҳамгироии мунтазам ва босамари ниҳодҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ҷараён гирифт, аз ҷумла зикр гардид, ки Русия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин адад қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад. Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба соли 2013 38% афзудааст.

Ҳамзамон коҳиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия зикр гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуд, ки барои ислоҳи ин камбудӣ дар ҳудуди Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ба Русия таъсис ёбанд. Ҳамчунин бунёди марказҳои хизматрасонӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки имконоти беандоза зиёди рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, нақлиёт, энергетика, алоқа ва робитаҳои мустақими байни минтақаҳои ду кишвар бояд васеъ истифода шаванд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили саҳлсозии шароит барои муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия зоҳир гардид.

Аз он, ки беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии камаҳамият аз ҳаққи воридшавӣ ба ҳудуди Русия маҳрум гардидаанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Ҳамчунин масъалаи ба муддати то  90 рӯз дароз кардани муҳлати аз қайд гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз воридшавӣ ба ҳудуди Русия ба миён гузошта шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳои амниятию дифоӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520