Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев

14.09.2015 17:08, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф овард,  мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии наку ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дорои имконоти бағоят васеи рушду густариш мебошанд ва моро зарур аст, ки аз шароити ҳамсони табиию иқлимӣ ва сохтори монанди иқтисодии ду кишвари ҳамсоя пурсамар истифода барем”.

Алмазбек Атамбаев дар навбати худ ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҳам омодасозии ҳамоиши сатҳи олии ин созмон баҳои баланд дода, аз ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: “Ман Шуморо бо раёсати басо муваффақона ва самарабахши Тоҷикистон дар СААД табрик мегӯям”.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии иборат аз қариб 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд аст.

Тазаккур дода шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат ҳамоно афзалиятнок дониста мешаванд.

Фаъолнокии бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Қирғизистон зарур дониста шуд.

Ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ ва рушди тиҷорати наздимарзӣ ва дар ин замина ба таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии сокинони деҳоти наздисарҳадӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат ҳамчунин густариши робитаҳои нақлиётию тиҷоратӣ ва тавсиаи имконоти транзитии ду кишвари ҳамсоя ва бунёди роҳҳои транзитии оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли газ ва нерӯи барқ буд.

Ҳамчунин атрофи авзои минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла барои таҳкими амну субот дар Осиёи Марказӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520