Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳорот барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

14.09.2015 11:53, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,

Қисмати музокироти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Абишевич Назарбоев дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои аввали сафар қаноатманд аст.

Ин сафари Нурсултон Абишевич ба кишвари мо дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаи навро боз менамояд. Ин танҳо изҳороти декларативӣ нест, зеро маҳз дар чаҳорчӯби ташрифи мазкур ҷонибҳо бори аввал роҳандозии муносиботи хешро дар сатҳи шарикии стратегӣ изҳор доштанд.

Кӯшишҳои тарафайн барои ҳамкории зич ва самараноки бештар дар иртибот ба иқтидор ва талаботи ду кишвар намоёнанд, ки он дар бастаи санадҳои дуҷонибаи созишномавӣ-ҳуқуқии имрӯз ба имзорасида инъикоси хешро ёфт.

Дар ҷараёни музокироти имрӯза ҷонибҳо оид ба доираи васеи масоили дуҷониба, минтақавӣ ва дорои хусусияти байналмилалӣ дар бисёр ҳолатҳо мавқеи ҳамсон доштанд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки гузариши муносиботи Душанбе ва Остона дар қолаби шарикии стратегӣ ба сатҳи амалӣ аксаран аз ҳалли масоили муҳими дуҷонибаи рӯзнома вобаста аст.

Инҳо, дар навбати аввал, масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон мебошанд. Ин, ҳамчунин масъала доир ба такмили фаъолияти дуҷонибаи  Фонди сармоягузории мустақим аст. Ин, дар ниҳоят, масъала дар бораи таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар бахши маълумоти олӣ мебошад, ки мавзӯи квотаҳои ҳарсола барои ҷавонони кишварҳои моро фаро мегирад.

Аллакай ҳамчун субъектҳои муносиботи шарикии стратегӣ, мо барои идома ва таҳкими чоҳорчӯбаҳои ҳамкории мутақобилаи дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масоили амнияти минтақавӣ ибрози назар намудем. Мо ҳамкории кишварҳоямонро дар ин самт ҳамчун омили ҳифзи сулҳу субот дар минтақа баррасӣ намудем.

Таъкид шуд, ки мубориза бо хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо назардошти вазъи ташвишовари мавҷуда дар сарҳадҳои ҷанубии давлатҳои ИДМ,-ин вазифаи умумии мост ва мо бояд кӯшишҳоямонро оид ба паст кардани ин хатарҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ равона созем.

Табиист, ки дар маркази диққати мо масоили дорои хусусияти тиҷоратию иқтисодӣ қарор доштанд.

Ин тааҷҷубовар ҳам нест, зеро, ки Қазоқистон яке аз се шарики асосии тиҷоратии мо маҳсуб мешавад. Мубодилаи мол ҳарчанд соли равон каме паст шуд, дар маҷмуъ он ҳатто дар рӯзҳои ҳодисаҳои буҳронии  иқтисоди ҷаҳонии солҳои охир тамоюли афзоиши мунтазам дорад. 

Мо устувории худро дар рушди робитаҳо дар ин бахш таъкид намуда, ба самти мазкур хусусияти афзалиятноки босубот додем.

Ҷонибҳо дар бораи азми минбаъдаи хеш баҳри таҳким ва ғанӣ гардонидани робитаҳо дар самти башардӯстона, ки ҳоло далели равшани сатҳи баланди алоқаҳои мавҷудаи таърихии маънавию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешаванд, изҳори назар карданд.

Хонумон ва ҷанобони муҳтарам,

Фикр мекунам, ки ҳамаи дар ин толор нишастагон дар мавриди он, ки Қазоқистони имрӯзаи дар ҷаҳон хуб маъруф дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст, бо ман ҳамфикранд. Мо, ҳамчун дӯстони ҳақиқӣ, аз ин муваффақиятҳо шодем, бо он ифтихор дорем ва ин таҷрибаи муфидро барои истифода дар шароити хеш меомӯзем.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев ба мо имкон дод, ки дар самти рушди муносиботи ҳамкории мутақобила қадами назаррас ба пеш гузорем, ки имкон медиҳад ба ояндаи қобили мушоҳида бо умедҳои нек нигарем.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520