Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос ба бинои Раёсати Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ

07.09.2015 08:48, шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 7 - уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди бинои Раёсати Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошт.

Ин иншоот дар маркази шаҳри Душанбе дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 9 ошёна иборат хоҳад буд.

Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки бино бо сифати хуб дар муҳлати 1 сол то ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сохта шавад.

Маблағи пешакии сохтмон тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ 43 миллиону 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Раёсати консулгарӣ бо тарҳи зебои меъмории миллӣ ва бо сангҳои ороишӣ сохта мешавад.

Дар ошёнаҳои раёсат утоқҳои кории шуъбаҳо, идораҳои раёсат, толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои дарсӣ ҷойгир карда мешавад.

Барои дар ҳама фасли сол муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино он бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир таъмин мегардад.

Ба ғайр аз утоқҳои барҳавои корӣ, ки бо шароити замонавӣ барои коргузорӣ бунёд мешавад, дар таҳхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои мошинҳои коргарон, анборхона, зеристгоҳи барқӣ ва дигар утоқҳои техникӣ ҷойгир мегардад.

Дар ошёнаи якум утоқи қабули меҳмонон, қабули муштариён бо 134 ҷой ва 8 утоқи иҷозатномадиҳӣ бунёд мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520