Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” Ҷан Кели

02.09.2015 09:40, Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Директори генералии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой ҳамаи лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ карда шаванд.  

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз тарафи Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут”сармоягузорӣ карда мешавад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” соли 2004 барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ ба мӯҳлати 10 сол ва соли 2011 барои ҳуқуқи истихроҷи минтақаи омӯхташудаи кон ба мӯҳлати то соли 2030 иҷозатнома дода шудааст.

Аз ҷониби Ҷамъият ба буҷаи ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2015 ба маблағи 63,7 млн. сомонӣ, андозҳои давлатӣ пардохт шудааст. Айни замон шумораи кормандон 1025 нафарро тагкил медиҳад, ки аз он 550 мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Роҳбарияти Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ворид кардани маблағҳои зарурӣ ба тарҳҳои судманд доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520