Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Шӯрои директорони корпоратсияи коркарди тиллои Зиҷинг майнинг Чэн Ҷинхэ

02.09.2015 08:04, Чин

Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони корпоратсияи коркарди тиллои Зиҷинг майнинг Чэн Ҷинхэ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки  «Зарафшон” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» моҳи августи соли 2007 таъсис ёфта, то имрӯз ба муваффақиятҳои калони истеҳсолию технологӣ ноил гардидааст.

Ширкати «Зиҷинг Майнинг» аз соли 2007 то 1 январи соли 2015 дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» зиёда аз 277 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуда, аз ҷумла техникаю технологияи навтарини соҳаро ворид намудааст.

Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд ва уҳдадор шуданд, ки новобаста ба мушкилоти бӯҳронӣ корхона ояндаи наздик 2 адад полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони Тарор истихроҷи маъданро ба роҳ мемонанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо истифода аз технологияи муосир ва самаранок истифода бурдани канданиҳои фоиданок, соли равон  дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» истеҳсоли маҳсулоти нав - хокаи мис ба роҳ монда шуд. Қаблан маҳсулоти мазкур дар омехтагӣ ба полоишгоҳ партофта мешуд. Оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ сохта мешавад.

Ҳамчунин ба итмом расонидани Асосноккунии иқтисодию техникии кони Ҷилав ва ба истифода додани коргоҳи нави заршӯи бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарӯз дар назар аст.

Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016 то ба 1,5 млрд. сомонӣ хоҳад расид ва аз ин ҳисоб 500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.

Ҳоло дар ин корхона 2260 корманд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва 52 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Дар соли равон корхона истеҳсоли 2800 кг тилло ва 220 кг нуқраро ба нақша гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои соли 2014  - 131,6 фоиз зиёд аст.

Сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ корхонаи Зарафшон аз соли 2009 ба ин сӯй бо фоида фаъолият дорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520