Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос ба Маркази перинатологӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ

31.08.2015 09:22, шаҳри Кӯлоб

Дар доираи сафар ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ санги асос гузошт.

 Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ тибқи лоиҳаи иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати сохтмони он 5658 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар иншоот барои табобати бемориҳои равонӣ 80 кат ва барои табобати бемориҳои наркологӣ 40 кат ба нақша гирифта шудааст.

Дар тарҳи ошёнаи таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда мешаванд.

Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Корезлоиҳа» маблағи сохтмони иншоот 12 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ равона гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 700 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд.

Баъди бунёд бошад, дар ҳар ду иншоот беш аз 500 нафар мутахассисони ҷавони соҳа бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб бошад, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак сохта мешавад.

Марказ аз таваллудхона, шӯъбаҳои бемориҳои навзодон ва кӯдакона, наҷот, бемориҳои занона, ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи табобати оҷилӣ ва бахшҳои ҷарроҳӣ равона гардидааст.

Иншооти сохташаванда аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати ҳудуди он 7 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520