Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

28.08.2015 10:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.

 Дар оғози маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва мардуми кишвар ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди навбатии ҷашни муқаддас ва басо пурарзишу ифтихорафзои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба аҳли толор ҳамчунин ба муносибати сазовор дониста шудан ба қадрдонии олӣ изҳори шодбошӣ намуд.

Дар оғози маросими мукофотсупорӣ бо ордени Дӯстӣ раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев сарфароз гардонда шуд.

Сипас хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар ходимони давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ ва намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо орденҳои Шараф дараҷаи 1 ва Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шуд.

Аз миёни онҳо ба дастовардҳои Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки нахустин шуда, ба бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 дар Рио де Жанейраи Бразилия дар риштаи гурзандозӣ соҳиби роҳхат гардидааст, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гурӯҳи калони дигари кормандон аз соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, истеҳсолот, илму техника, фарҳангу санъат, маориф, бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.

Хизматҳои шоёни таҳсини зиёда аз 20 нафар кормандону намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо унвони фахрии  Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Гурӯҳи дигари кормандони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Хизматҳои арзандаи таҳсини шумораи зиёди афсарону сарбозон ва ходимони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои мухталифи низомию махсус бо ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Ба 12 нафар олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ, ки бо қарори Комиссияи дарёфт муайян ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 супурда шуд.

Ҳамин тариқ, бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои тиб ва табиатшиносӣ Назаров Ҳилолиддин Шарофович, номзади илмҳои тиб ва Ҷамолова Рухшона Ҷалолиддиновна, номзади илмҳои тиб, сарфароз гардиданд.

Дар соҳаи илмҳои бунёдӣ хизматҳои Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич, номзади илмҳои физикаву математика бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадр карда шуд.

Дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ Саидов Саймаҳмуд Сайдаҳмадович, номзади илмҳои иқтисодӣ ва Хайров Шукрулло Қурбоналиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои техникӣ Сафиев Алишер Ҳайдарович, номзади илмҳои техникӣ, сарфароз гардид.

Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ олимони зерин бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз шуданд:

- Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович, номзади илмҳои ҳуқуқ;

- Муродов Ардашер Алишерович, номзади илмҳои ҳуқуқ;

- Саидмуминов Аҳлиддин Саиднуриддинович, номзади илмҳои педагогӣ;

- Саидов Аҳмадшо Раҳматшоевич, номзади илмҳои педагогӣ;

- Саидов Ҳалимҷон Азизович, доктори илмҳои филологӣ;

- Саидов Шоҳин Нурович, номзади илмҳои ҳуқуқ;

5 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои навбатии дараҷавӣ, ҳарбӣ ва махсус сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла, ба поковники адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим – муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд.

Полковники милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов-сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия»,  полковники милитсия Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло-сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия» ва полковники хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим – сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори хизмати дохилӣ» сарфароз гаштанд.

Ба полковник Бегназаров Амирбек Саймирович-сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии «Генерал-майор» дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520