Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

07.01.2000 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Мову шумо дар арафаи иди саиди Фитр, ки рӯзи ҳаштуми январ фаро мерасад ва бораи тамоми мардуми мусулмони олам мӯътабару муборак аст, қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон умри дароз, саломатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу мекунам.

Дар ин рӯзи муборак ҳар кадоми мо бояд аз он шукрона кунем, ки иду ҷашнҳои милливу суннатиамонро чанд сол боз дар фазои сулҳу осоиш, якдигарфаҳмӣ ва дӯстию эҳтироми ҳамдигар истиқбол мегирем.

Ин ҳама аз баракати истиқлолияти кишвар аст, ки расидан ба қадри он, кӯшиш ба хотири таҳкими он қарзи имонӣ ва инсонии тамоми шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Чандин маъракаҳои муҳими соли гузашта, аз ҷумла раъйпурсӣ доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилию ваҳдати мардумро бори дигар собит намуданд.

Умед ҳаст, ки интихобот ба Маҷлиси миллӣ низ ба густариши манбаъдаи фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад.

Акнун, ки насими сулҳу дӯстӣ дар саросари кишвар мевазад, саъю талош ба хотири ободии Ватан, пешрафти иқтисодӣ ва таъмини сатҳи лозимаи зиндагии мурдуми Тоҷикистони азиз вазифаи фарзандии мову шумост.

Кишвари мо чун давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ устуворона ба сӯйи оянда қадам мезанад, ки ин раванд мавриди пуштибонии мамлакатҳои тараққихоҳу пешрафта ва дар айни замон боиси сарфарозии тоҷикистониён қарор гирифтааст.

Аз ин рӯ, мо бояд тамоми қуввату тавони худро ба ҳамин самт равона карда, насли имрӯза, яъне созандагону соҳибони Тоҷикистони ободи ояндаро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ, пос доштани муқадцасоти Ватан ва эҳтироми суннату оинҳои милливу умумибашарӣ тарбия кунем. Ин аз ҷумлаи фаризаҳои ахлоқии ҳама, аз ҷумла ходимони дин мебошад.

Падару модарони арҷманд!
Бародарону хоҳарони азиз!

Моҳи шарифи Рамазон — айёми омурзиши гуноҳҳо, моҳи сабру таҳаммул, меҳрубонию самимият, хайру саховат, садоқату покизагии тану ҷон ва дилу ният мебошад.

Воқеан шахсоне, ки ин хислатҳоро доранд, ҳам хайрхоҳу инсондӯст ҳастанд ва ҳам бо гуфтору рафтори худ барои покизагии дини мубини ислом хизмат мекунанд ва намегузоранд, ки дини ислом бо ҳар роҳу восита ба майдони сиёсатбозиҳо кашида шавад ва хор гардад.

Боиси хурсандист, ки бисёр шаҳрвандони соҳибҳиммати ҷумҳурӣ имсол ба оилаҳои камбизоат, маъюбону нафақахӯрон ва хонаҳои пиронсолону ятимхонаҳо мувофиқи тавону имконияти худ кӯмак карданд, дар ободии мазору қабристонҳо саҳм гирифтанд.

Ман ба ҳамаи онҳо изҳори ташаккур намуда, орзумандам, ки сафи чунин шахсони савобҷӯю саховатпеша ҳарчи бештар шавад, зеро ҳар амали хайр ва навозишу дастгирии ятимону маъюбон, мӯҳтоҷону дармондагон дар дини мубини ислом аз беҳтарин амалҳо ва писандидатарин хислатҳо ба шумор меравад.

Итминон дорам, ки мардум фитри рӯзаро низ ба оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон дода, ба шарофати ин амали неки худ соҳиби савоби зиёд мегардад.

Тасаввур кунед, ки агар ду хонаводаи тавоно дасти як оилаи нотавону мӯҳтоҷро гирад, дар ҷомеа фазои меҳрубониву самимият чӣ қадар густариш меёбад.

Аз тарафи дигар, мо бо ин рафтори худ ба фарзандонамон боз як сабақи одамгариву инсондӯстӣ медиҳем ва шубҳае нест, ки ин амал ба анъана табдил меёбад.

Бо ҳамин умедворӣ фарорасии иди саиди Фитрро бори дигар ба ҳамаи ҳамватанон табрик гуфта, орзуманди саодату сарбаландии ҳар кадоматон ва ободии хонаи умумии ҳамаамон — Тоҷикистони озод ҳастам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520